Саволҳо оид ба корти хориҷӣ

Дар ин саҳифа саволҳоро оиди корти хориҷии МКБ — ро ҷамъ кардем, ки ҷавобҳо ба онҳо дар ҳолатҳои гуногун ёрӣ дода метавонанд.

Барои интиқолдиҳии музди маош ба корти МКБ, бо нишон додани реквизитҳои корти бонк дар он, ва пешкаш кардани он ба кордеҳи худ ариза пешниҳод намоед. Аризаро дар барномаи МКБ ё ки ҳангоми ташриф ба идораи бонк тартиб додан мумкин аст.

Барои ташаккулдиҳии бланк дар барнома:

  1. Ба корт дар экрани асосии барнома пахш кунед
  2. Ба қисмати «Инфо» гузаред
  3. Ба «Маошӣ кардани корт» пахш намоед.

Шакли ариза бо реквизитҳои ҳисоби шумо ташаккул дода мешавад. Онро чоп карда, имзо кунед ва ба кордеҳи худ диҳед.


Вақте ки, ки кортро гум кардаед, оиди гум шудани корт ба бонк хабар диҳед ва фаъолияти кортро манъ кунед.


Шумо метавонед СМС бо матни (фармони) «All» ба рақами телефони +7 903 767-26-67 ирсол намоед — фаъолияти ҳамаи кортҳои шумо қатъ мегардад.


Шумо кортро дар барномаи МКБ дар қисмати «Мои продукты / Банковские карты» ё ин ки тавассути чат бо мутахассиси МКБ қатъ карда метавонед.


Кортро тавассути маркази тамос қатъ кардан мумкин аст: +7 495 777-48-88; 8 800 100-48-88.


Корти ҳамчун гумшуда, фаъолияташа қатъгаридадро танҳо бо аризаи хатӣ дар шӯъбаи дилхоҳи бонк ба расмият даровардан мумкин аст.

Барои ҳар як муроҷиат ба бонк шиносномаи хориҷии шаҳрвандии Тоҷикистон ва тарҷумаи он аз ҷониби нотариус тасдиқгардида ба забони русӣ лозим аст. Дар давоми 7 рӯз баъд аз ба Россия ворид шудан ба бонк ҳуҷҷатеро, ки дар асоси он дар Федератсияи Россия қарор доштан ҳуқуқ медиҳад, инчунин иҷозат ба истиқомати муваққат, иҷозат ба иқомати шаҳрванди хориҷӣ ё ки корти муҳоҷиратиро пешкаш кунед.

Хизматрасонии корт ройгон мешавад агар музди маоши Шумо ба он гузаронида шавад. Инчунин: дар давоми моҳи гузашта ба ба Шумо музди маошатон гузаронида шавад, ё ин ки дар давоми 3 моҳи охир ҳадди аққал 1 музди маош аз ҷониби корфармо дар доираи лоиҳаи музди меҳнати МКБ маош гузашта бошад. Агар музди маошро ба корти МКБ нагиред, он гоҳ аз моҳи 2-юм баъд аз гирифтани корт, пардохт барои хизматрасонӣ — 99 рубл дар як моҳ ситонида мешавад.

Масалан, Шумо кортро 15 майи соли 2024 гирифтед. Ҳаққи хизматрасонӣ аз корти Шумо 1 июли соли 2024 ситонида мешавад. Агар дар муддати 1 моҳ аз кортро гирифтан ба Шумо аз ҷониби корфармо дар доираи лоиҳаи музди маоши МКБ гузаронида шавад, корт ройгон хизматрасонӣ карда мешавад.

Бо корти хориҷӣ харид кунед ва кешбэк гиред — то 5%. Шумо се категорияро интихоб карда метавонед, аз он ҷумла, «1% ба ҳамаи харидҳо», ва аз онҳо холҳо гирифта метавонед. 1 хол = 1 рубл. Категорияҳо дар як семоҳа як маротиба тағйир меёбанд. Бо холҳои бадастоварда харидҳои дар моҳи гузашта кардашударо ҷуброн кардан мумкин аст. Барои оғозкунии гирифтани холҳо, ба барномаи «МКБ Бонус» ҳамроҳ шавед.
Ба барномаи мобилӣ ё ки интернет-бонки МКБ дароед, ба тугмаи «Хочу получать баллы» пахш кунед, иштирок дар барномаро бо пахшкунии «Принять участие и выбрать категории» тасдиқ кунед. Категорияро интихоб кунед.
Бо холҳои гирифташуда харидҳои дар моҳи гузашта кардашударо ҷуброн кардан мумкин аст. 1 хол = 1 рубл. Барои интиқол додани холҳо ба рублҳо, ба барнома дароед. Дар экрани асосӣ қисмати «МКБ Бонус»-ро интихоб карда, ба «Перевести баллы в деньги» пахш кунед. Пул ба корти шумо дар давоми якчанд дақиқа ворид мешаванд.

Корти бонкиро аз бонки шарик (телефон барои машварат: +992 44-600-2055) гирифтан мумкин аст. Дар мавриди аввал Шумо корти беномро ба даст меоред, сипас он ба корти иловагии номдор бароварда мешавад. Кортро ҳангоми зарурият дар барномаи МКБ аз нав баровардан мумкин аст.

Реквизитҳои кортро дар замимабарномаи МКБ дидан мумкин аст

  • Дар экрани асосӣ дар қисмати «Карты» кортеро, ки реквизитҳои онро дидан мехоҳед, интихоб кунед
  • Дар қисмати «Инфо» ба «Реквизиты счета» пахш кунед. Дар экран Шумо тамоми иттилоотро оиди суратҳисоб мебинед
  • Дар қисми болоии экран дар тарафи рост нишона ҳаст, ки ба он пахш карда, реквизитҳои суратҳисобро ба почтаи электронӣ ё ки мессенҷер фиристодан мумкин аст. Инчунин, дар поёни саҳифа QR-код бо реквизитҳо мавҷуд аст
     


Кортро танҳо бо асъори рубли русӣ пур кардан мумкин аст. Маблағро ба корт аз бонки дигар бо реквизитҳо, бо рақами телефон, аз корт ба корт интиқол додан мумкин аст. Кортро дар Россия тавассути шӯъбаҳо, терминалҳои МКБ, банкоматҳои МКБ ё ин ки Алфа-Банк пур кардан мумкин аст.

Корти хориҷӣ дар асоси низоми пардохти «Мир» бароварда мешавда, ин маънои онро дорад, ки бо он дар ҳама ҷой, ки корти «Мир»-ро қабул мекунанд, пардохт кардан мумкин аст. Рӯйхати мубрами кишварҳо дар сомонаи низоми миллии кортҳои пардохтӣ (НСПК) ҷойгир карда мешавад.
Агар пулро тавассути банкоматҳои МКБ, Алфа-Банк, Райффайзен Банк ва ЮниКредит Банк гиред ҳаққи хизматрасонӣ гирифта намешавад. Дар банкоматҳои бонкҳои дигар бе ҳаққи хизматрасонӣ на кам аз 3 000 рубл як маротиба (транзаксия) ва на бештар аз 30 000 дар як моҳ гирифтан мумкин аст. Агар камтар аз 3 000 рубл дар як маротиба ё ки бештар аз 30 000 рубл дар як моҳ гиред, ҳаққи хизматрасонӣ — 1,95%, ва на камтар аз 300 рубл гирифта мешавад.


ПИН-кодро дар бонки мобилӣ ва интернет-банки МКБ аз нав кардан мумкин аст.


Дар банки мобилӣ

  1. Дар экрани асосӣ корти лозимиро интихоб кунед
  2. Ба «Настройки» даромада чархи дандондро дар кунҷи рости болоӣ зер кунед
  3. Ва «Изменить ПИН-код»
  4. Ро пахш кунед. ПИН-коди навро ворид карда, ва боз як бори дигар такроран ворид кунед

Амалиётро тасдиқ кунед

  1. Дар интернет-бонк дар экрани асосӣ корти
  2. Лозимиро интихоб карда, ба он пахш кунед ва ба қисмати «Безопасность», «Сменить ПИН-код»
  3. Ворид шавед. ПИН-коди навро ворид кунед, ПИН-коди навро такрор кунед. Амалиётро тасдиқ кунед.
Патентро дар барномаи МКБ пардохт кардан мумкин аст. Дар саҳифаи асосӣ «Оплатить»-ро интихоб кунед, ба «Платеж по QR-коду» пахш кунед. Кодро аз расид скан карда, патентро пардохт кунед. Роҳи дигар низ ҳаст. Дар саҳифаи асосӣ «Оплатить»-ро интихоб карда, ба «По реквизитам» гузаред, ва «Людям, ИП и организациям в другой банк»-ро интихоб кунед. БИК-и бонки гиранда, суратҳисоб ва номгӯи гиранда, таъиноти пардохт ва маблағро дарҷ намоед. Инчунин, Шумо ба шӯъбаи бонк муроҷита карда метавонед — барои пардохт шумо бояд реквизитҳоро донед.
Ҳа, ба корти хориҷӣ кортҳои иловагиро ба номи худ ё ки ба номи одами дигар баровардан мумкин аст. Барои ба расмият даровардани корти иловагӣ ба шӯъбаи МКБ бо одаме, ки ба номи он нақшаи корт баровардан доред, муроҷиат кунед.

Агар шумо амалиётҳои шубҳанокро муайян кунед, ё ин ки ба дасти қаллобон афтодед, дарҳол кортро/фаъолияти кортро дар барномаи МКБ манъ кунед. Баъдан тавасссути дилхоҳ идораи бонк дар бораи истифодабарии беиҷозати маблағҳо хабар диҳед. Тавассути телефонҳои: +7 495 777-48-88 (барои занг аз ҳудуди кишвари хориҷӣ), 8 800 100-48-88 (барои зангҳо дар ҳудуди Россия) хабар додан мумкин аст.

Корти бонкиро тавассути СМС, бо фиристодани матни (фармони) «All» ба рақами +7 903 767-26-67 манъ кардан мумкин аст — ҳамаи кортҳои шумо қатъ мешаванд. Инчунин, дар барномаи МКБ тавассути қисмати «Мои продукты / Банковские карты» ё ки тавассути чат бо мутахассиси МКБ қатъ кардан мумкин аст. Барои мамнӯъ кардани дастрасӣ ба барномаи МКБ, СМС паём бо матни (фармони) «ONLINE» ба рақами телефони +7 903 767-26-67 ирсол намоед.

Бале, ҳоло маблағро ба корти бонки шарик интиқол додан мумкин аст. Барои ин ба барномаи мобилии МКБ дароед, дар поёни экран ба қисмати «Оплатить» дароед. Қисмати «Пополнение карт» бонки шарикро интихоб кунед, рақами кортро барои интиқол ворид кунед ва амалиётро тасдиқ намоед. Рӯйхати кишварҳо ва бонкҳо, ки ба онҳо интиқол кардан мумкин аст, пурра карда мешавад. Инчунин, интиқолҳо тавассути интернет-бонк, ки дар оянда дар назар аст дертар дастрас мешаванд.
Маҳдудияти интиқол барои як амалиёт —аз 100 то 15 000 рубл пешбинӣ шудааст. Аз он ҷумла, маҳдудияти рӯзонаи амалиётҳо — 100 000 рубл дар як шабонарӯз, вале на бештар аз 5 амалиёт. Маҳдудияти моҳонаи амалиётҳо — 600 000 рубл дар як моҳ, вале на бештар аз 30 амалиёт.
Барои гирифтани корти бонкӣ шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тарҷумаи тасдиқгардидаи он бо забони русӣ лозим мебошад. Тарҷумаи шиносномаро дар бонки шарик ё ин ки нотариус кардан мумкин аст.

Кортро дар барномаи МКБ аз нав баровардан мумкин аст.

  1. Дар экрани асосӣ дар қисмати «Карты» корти лозимиро интихоб кунед
  2. Ба «Настройки» бо пахш кардани "чархи дандондор" дар кунҷи рости болоӣ гузаред
  3. Ба «Перевыпустить» пахш кунед
  4. Ва «Причина перевыпуска»-ро пахш карда, интихоб кунед.

Аз рӯихат шӯъбаи бонкро барои гирифтани корт интихоб кунед. Дархостро фиристед. Ба шумо оиди омодагии корт хабарнома ирсол мегардад.
 

«МКБ Онлайн» ин бонки мобилӣ ва интернет бонки МКБ мебошад, ки ба Шумо имконияти идора намудани маблағҳои худро фароҳам меорад. Таввасути он Шумо метавонед хизматрасониҳои комунналӣ, алоқаи мобилӣ, ва дигар хизматрасониҳоро бе ташриф овардан ба идораи бонк ба осонӣ пардохт намоед. Пайваст шудан таввасути пайванди мазкур мумкин аст:
https://mkb.ru/mb ё ин ки https://online.mkb.ru/login